IQNA

Филм | Қибла — масҷиде бар қуллаи кӯҳҳои сарсабзи Туркия

2:59 - October 02, 2025
рақами хабар: 3936
Масҷиди кӯҳи Қибла, воқеъ дар вилояти Ризе-и Туркия ва бар фарози кӯҳҳои сарсабз, ки ба баҳри Сиёҳ менигарад, ба шарофати манзараи табиии дилфиреб ва зебоии мафтункунанда, дар солҳои охир ба як макони машҳур барои сайёҳони араб ва мусалмонҳои хориҷӣ, инчунин меҳмонони дохилии Туркия табдил ёфтааст.

Ба гузориши ИҚНО, ба нақл аз Трабзон, ин масҷид дар баландии 1130 метр аз сатҳи баҳр, дар минтақаи Гӯнейсу, воқеъ дар шимолу шарқи Туркия ҷойгир аст. Масҷиди Қибла, ки номи худро аз ҳамин кӯҳ гирифтааст, пас аз бозсозӣ ва таъмир, манзараи ҳаяҷоновари табиат ва сабзазорҳои гирду атрофро намоиш медиҳад.

Ин масҷид яке аз камтарин ибодатгоҳҳоест, ки дар чунин маҳалли баланду зебо ва табиатан рӯҳнавоз ҷойгир шудааст.

Ин кӯҳ аз он ҷиҳат, ки ба самти Қибла (яъне Каъба) ишора мекунад, дар миёни мардум ба номи «ал-Қибла» маъруф аст. Онро метавон аз нуқтаҳои гуногуни Туркия низ дид.

Ин масҷид, ки таърихи он ба асри 19 мерасад, дар гузашта аз чӯб сохта шуда буд, вале дар соли 1960 дучори сӯхтор гардид ва баъдан бо санг ва масолеҳи мустаҳкам дубора барпо шуд. Бозсозии он тақрибан як солу ним тӯл кашид.

Ҳамчунин дар доираи ҳамин лоиҳаи бозсозӣ, роҳи кӯҳӣ ки то ба масҷид мебарад, таъмир шуд ва дар канори он масирҳои сайругашт, ҷойҳои истироҳатӣ ва боғчаҳо сохта шуданд, то ки меҳмонон тавонанд бо осоиш ва оромӣ аз табиат ва фазои маънавӣ лаззат баранд.

Дар саҳни берунаи масҷид, парчами миллии Туркия бо баландии 15 метр қомат афрохтааст, ки аз фосилаи дур низ ба хубӣ дида мешавад.

Масъулини масҷид мегӯянд, ки ин масҷид як шоҳкори ҳунарии исломист ва бовар доранд, ки дар солҳои наздик ба як маркази муҳими сайёҳии исломӣ табдил хоҳад ёфт ва сайёҳони зиёд аз кишварҳои мусалмоннишин ба дидани он хоҳанд омад.

код
 

4307238

Тегҳо: Масҷид ، Туркия
captcha